Сиёсати “Дарҳои боз” ва дустию ҳамзистии осоишта дар муносибат бо ҳамсояҳои наздик аз рӯзҳои аввали роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя амалӣ гардида имкон дод, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои дуру наздик ҳамоҳангиҳои судманд барқарор намояд. Маҳз дар доираи амалӣ гардидани ин сиёсат рӯзи 13 март дар шаҳри Бишкек вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарм Садир Жапаров созишномаҳои ҳамкорӣ, бародаршаҳрӣ ва барқарор намудани ҳамкориҳои судманд ва ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расида дар доираи амалӣ намудани ин созишномаҳо бо розигии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ҳайати расмӣ ва варзишгарони Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии Арстанкулов Талантбек Курбаналиевич – муовини намояндаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ош барои ширкат намудан дар ҷашнгирии Наврӯзи сокинони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ сафари корӣ анҷом доданд.
Дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон меҳмононро раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ва ҳайати расмӣ бо нону намак ва чорабинии фарҳангӣ истиқбол намуданд. Дар доираи қабули меҳмонон раиси ноҳия оид ба саҳми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров оиди барқарор намудани дустии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қайд намуда барои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ибрози назар намуданд.
Меҳмонон аз пазироии гарму самимии роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.
















