Санаи 8 июли соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва сохторҳои он дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб, муовини раиси ноҳияи Мурғоб, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳои ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб ва раисони Ҷамоатҳои ноҳия ва сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.
Машваратро раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа Пайшанбизода Неру Муродгул муовини якуми раиси ноҳия гузориш доданд.
Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб вобаста ба тамоми самтҳо, дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 пурра таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки дар ин муддат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Зимни суханронии хеш раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо “Дар бораи рушди иқтисодии ноҳия, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, самти кишоварзӣ, энергетика, зимистонгузаронӣ, ба роҳ мондани фаъолияти хуби сохтмони корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, сазовор пешвоз гирифтан аз 35 – умин солгарди Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб баҳри бартараф намудани мушкилотҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ба муовинони раиси ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб, раисони Ҷамоатҳои ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва сардорони идораву муассисаҳои ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.