Санаи 27 уми сентябри соли равон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои — миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ноҳияи дурдасти Мурғоб ангиштсанги хушсифати бо нархи 1 сомонию 20 дирам дастрас гардид.
Қобили зикр аст, ки ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз ғамхорӣ ва диққати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоссатан Пешвои миллат нисбати сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб шаҳодат дода, сокинони ноҳия аз он баҳраманд гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки сокинони сарбаланди ноҳяи Мурғоб бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ ва истиқлолияти комили миллӣ дар қатори дигар шаҳру навоии ватани азизамон аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат баҳраманд гардида, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар таҳкими сулҳу оромии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
















