Санаи 1 октябри соли 2025 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ҷавонписарони бонангу ори ноҳияи дурдасти Мурғоб тайи чанд соли охир нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро намуда, бо сари баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон сафарбар гардида истодаанд.
Имсол низ чун ҳарвақта нақшаи даъвати тирамоҳӣ аз тарафи ҷавонписарони шуҷоъу далери ноҳияи баландкуҳи Мурғоб дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини ватандусти ноҳия мебошад.













