Санаи 8 октябри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Пайшанбизода Неру Муродгул муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб ва иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва сохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ мудирони шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳои ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб ва раисони Ҷамоатҳои ноҳия ва сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.
Машваратро муовини раиси ноҳияи Мурғоб ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа Маҷнунов Маҷнун мудири бахши иқтисод савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузориш доданд.
Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб вобаста ба тамоми самтҳо, дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 пурра таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки дар ин муддат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Зимни суханронии хеш муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло “Дар бораи рушди иқтисодии ноҳия, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, самти кишоварзӣ, энергетика, зимистонгузаронӣ, ба роҳ мондани фаъолияти хуби сохтмони корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, сазовор пешвоз гирифтан аз 35 – умин солгарди Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб баҳри бартараф намудани мушкилотҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ба раиси шаҳраки Мурғоб, раисони Ҷамоатҳои ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва сардорони идораву муассисаҳои ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.


