Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб машварати васеи назди раиси ноҳияи Мурғоб доир гардид. Дар машварати имрӯза муовини аввали раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳо, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва роҳбарони сохторҳои қударатии ноҳия иштирок намуданд.
Ба баррасии машварати имруза масъалаҳои зерин:
1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 27.11.2024, №368, Оид ба иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 19.11.2024, №350, Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”.
2. Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Мурғоб 26.06.2024, №191 Оид ба иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 31 майи соли 2024, №164 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 марти соли 2024, №154 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои итилоотӣ ва комуникатсионӣ дар МТМУ – ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028”
3. Иҷроиши нақшаи обунашавӣ барои соли 2025 ва омодагии обунашавии идораву муассисаҳои ноҳия ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврию ҷумҳуриявӣ барои соли 2026.
4. Рафти иҷрои барқияи Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2025, №16/10 – 70 “Оиди вусъат додани корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла”
Ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳо раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо вобаста ба баратарф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони идораву муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳои зайл дода аз роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар сатҳи баланди фарҳангиву маърифатӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва иду ҷашнҳои аз пешистода фаъолияташонро пурзур намоянд.
















