Санаи 4 ноябри соли 2025 зимни сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи Мурғоб дар маркази ноҳия Мағозаи гушту шир, Пули пиёдагарди маҳаллаи Сафедоби Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, Маркази дандонпизишк ва бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ба истифода дода шудаанд.
Иншоотҳои мазкур дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 31- умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар доираи ин сафар Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи Ҷамоати шаҳраки Мурғоб ва Ҷамоати деҳоти Аличур 2 адад трактор тақдим намуданд.
Қобили қайд аст, ки ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия маҳз бо ташаббус ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руйи кор омадааст.
Ҳамзамон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд














































