Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даври озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Орозбеков Абдулҳамид -хонандаи синфи 8 — и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 — и ноҳияи Мурғоб аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи дуюм гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ҷиҳати муваффақ шудан ба ин дастоварди зеҳнӣ ба маблағи 50 000 сомонӣ ва диплом қадрдонӣ гардид.
Аз ин рӯ ҳамаи сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб барои ғолибият пайдо намудан дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ба Орозбеков Абдулҳамид муваффақияту бурдбориҳоро таманно менамоянд.



