Санаи 14 ноябри соли 2025 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо иштироки бевоситаи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, роҳбарони идораву муассиаҳои ноҳимя ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳо аз тарафи Ҷамоатҳои ноҳия ва соҳаи маорифи ноҳия ташкил гардида ҳайати расмӣ зимни дидан аз он ба ташкилкунандагони намоиш баҳои баланд доданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо зимни баромади хеш, аҳли нишастро бо ин рузи муҳими таърихӣ табрик намуда қайд карданд, ки ҳар як халқу миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарзандони донишманду саховатманд ва дар кураи сиёсат пухтаву обутобёфта, ояндабин, халқпарвар, созандаву бунёдкор, худшиносу худогоҳаш мешиносанд. Ин гуна шахсиятҳои нотакрор мояи ифтихори насли имрӯзу фардои Ватан мебошанд. Дар ҳақиқат ҳастанд инсонҳои таърихие, ки ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқу миллат бо ному фаъолияти онҳо зич алоқамандӣ дорад, сарнавишти онҳо, сарнавишти халқ, зиндагиномаи онҳо, зиндагиномаи миллат ва давлатдорист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамин гуна шахисятҳои таърихист, зеро нақши ӯ дар рушду такомули давлати навини тоҷикон, пойдор мондани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва рушду нумӯи минбаъдаи он хеле бориз аст.
Хизмати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳаё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид. Ҷиҳати 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам овард. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшида, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд. Эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Дар тӯли 29 соли Истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ, артиши миллӣ-қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо бештари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосоҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Ба қадри ин заҳматҳои ба нархи ҷон баробар расида дар сидқан хизмат кардан ба Ватани азизамон ҳар яки мову шумо бояд тайёр бошем.
Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расид. Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзили истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари он қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазой нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Дар охир бархе аз сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳия, ғолибону озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ гардида, барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.











































