Имрӯз, 16 ноябри соли 2025 бо иштироки Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб барои афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0412 ва 15426 – и ноҳияи Мурғоб чорабинии идона бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро раиси ноҳия муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ифтитоҳ намуда, ҳамаи Сарбозону Афсаронро бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бахшида ба ин санаи муборак барои қисмҳои дар боло зикргардида, Дастархони идона ороста шуд.















