Ба таваҷҷуҳи тамомои сокинони ноҳияи Мурғоб расонида мешавад, ки бо супориши раиси ноҳияи Мурғоб санаи 31 – уми декабри соли 2025 Бобои барфӣ ва Барфак бо мақсади табрик ва тақдими туҳфаҳои солинавӣ барои кӯдакон ва наврасон сафарбар мегарданд.
Волидоне, ки мехоҳанд дар соли нав барои кӯдакони худ хотираҳои фаромушнашавандаи солинавӣ бо иштироки қаҳрамонони афсонавии солинавӣ тақдим намоянд, метавонанд аз ин имконият истифода баранд.
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 006228804

