Санаи 31 декабри соли 2025 дар қисми ҳарби 0412 ва 15426 — и ноҳияи Мурғоб бо иштироки узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Оолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо чорабинии тантанавӣ бахшида ба соли нави мелодӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ҳамаи афсарон ва сарбозонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки соли 2025 барои сокинони ватани азизамон хотирмон буда, ҳамчун соли созандагиву бунёдкорӣ дар хотираи ҳамватанонамон нақш хоҳад баст.
Дар рафти чорабинӣ туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат ба сарбозони қисмҳои ҳарбии болозикр тақдим гардида, аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси ноҳияи Мурғоб барои сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳия ва ҳамаи дидбонгоҳои сарҳадии ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулон дастархони идонаи солинавӣ ташкил карда шуд.




























