Санаи 9 январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ва бо иштироки Амирбекзода Ҳабибулло муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбари датсгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, роҳбарони идораву муассиаҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб баромад намуда қайд карданд, ки дар соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 15 млн 999 ҳаз 200 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ворид шуда, 38 млн 731 ҳаз. 726 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ҷудо гардидааст.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар ҳудуди ноҳия 91,2 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 89,0 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуда, шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо 76 ададро ташкил медиҳанд. Дар ин давра шумораи постерминалҳо 5 адад зиёд гардида, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин 8824 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, 8823 нафар дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 113,7 фоиз аҳолии калонсолро ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки дар ноҳияи 317 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки аз ин 244 соҳибкорони инфиродӣ ва 73 нафарро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Дар соли 2025 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 17 млн 605 ҳаз. 300 сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 829 ҳаз сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 35,043 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 29,325 млн доллари ИМА ё 83,6 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисоди ноҳия барои солҳои 2020-2025-ум 107 лоиҳаро ба маблағи 94 млн 955 ҳаз. сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 77 лоиҳа ба маблағи 74 млн 477,3 ҳаз (72 фоиз) ба иҷро расидааст.
Дар соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 9 млн 981 ҳаз. 600 сомонӣ иҷро шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 665 ҳаз. 100 сомонӣ ё худ 7,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 98 млн 353 ҳаз. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 259 ҳаз. сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 100,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар ҳама сохторҳо 22300 сар моли шохдори калон, аз он 21106 сар қутос, 84941 сар моли майда, 166 сар аспҳо ва 18 сар уштур ба қайд гирифта шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти гӯшт 2403,7 тонна, шир 1609 тонна, пашм 41,8 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2024 гӯшт 100,8 фоиз, шир 100,3 фоиз, пашм 102 фоиз зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ 520,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ берун аз ноҳия ба ҷумҳурӣ содирот карда шудааст, ки 112,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 36 милиону 402 ҳазору 700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 21 милиону 747 ҳазору сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 9 милиону 805 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 25 милиону 997 ҳазор сомонӣ ва хусусӣ 600 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 34 милиону 995 ҳазору 800 сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 20 милиону 895 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳабибулло муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо баромад ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки бо эълон шудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ” ва сазовор пешвозгирӣ аз ҷашни бузурги миллӣ, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан аз Иди байналмилаллии «Наврӯз — 2026» ҳар як сокини ноҳия бояд саҳми худро гузорад.
Дар охир Ошурмамадова Сабдавлат собиқ сардори Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикичтон дар ноҳияи Мурғоб барои фаъолияти бисёрсолаи пурсамар, садоқат ба касб ва хизматҳои шоиста дар соҳаи бонкдорӣ, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди корӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии бонкӣ, нишон додани маҳорати баланди касбӣ, саҳмгузорӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавон, роҳбарии оқилона ва нигоҳ доштани обрӯю эътибори баланд дар давоми фаъолияти меҳнатӣ бо сипоснома ва туҳфаи раиси ноҳияи Мурғоб қадрдонӣ карда шуданд.

















