Санаи 13 январи соли 2025 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мурғоб бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД — и ноҳия, мудири бахши дин, комиссари ноҳия намояндаи шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия ва намояндаи ШВКД ҶТ дар ноҳия бо сокинони маҳаллаи Н.Қарабоев вохӯрии судманд оид ба Паёми навбатии Пешвои — миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеъ дода, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳошияи эълон шудани соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтан аз ҷашни миллӣ, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣва тозагии гирду атроф саҳмгузор бошанд.












