Санаи 16 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ҷаласаи назоратӣ оиди корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтан аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ва бо иштироки роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷаласа тарҳи ба нақша гирифташудаи иншоотҳои бунёдшаванда ва ду хиёбони марказии шаҳраки Мурғоб, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраку Ҷамоатҳои ноҳия, тарҳи муосири шиору овезаҳои насбшаванда дар кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия, боғу гулгаштҳо аз тарафи масъулони МИҲД — и ноҳия ба раиси ноҳия муарифӣ гардиданд.
Дар рафти ҷаласа раиси ноҳия оиди таҳияи тарҳи иншоотҳо, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии иншоотҳои маъмурии ноҳия ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
















