Санаи 21 январи соли 2026 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иборат аз мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД — и ноҳия, намояндаи ШВКД ҶТ дар ноҳия ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия бо хонандагон ва омӯзгорони МТМУ 14 вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Масъулин зимни вохӯрӣ бо хонандагон, волидон вп омӯзгорони онҳо моҳияти ва муҳтавои мухтасари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли нишаст расонида, қайд карданд, ки дар шароити имрӯза тарбияи дурусти насли наврас масъалаи аввалиндараҷа дар сиёсати сарвари давлат ба шумор меравад. Вобаста ба ин ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандонашон ба масъулияти баланди шаҳрвандӣ диққат дода, барои ояндаи дурахшони онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.













