Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инфрасохтори саноатии ноҳияи Мурғоб ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид шуд. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ — саноаткунонии бомуръати кишвар ва ободонии минтақаҳои марзӣ, як корхонаи муосири истеҳсоли газаблок дар маркази ноҳия расман ба истифода дода шуд.
Ин таҳкурсии нави иқтисодӣ бо саҳму ташаббуси бевоситаи сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯст, дар ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ бунёд ёфта, бо ҳузури Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ба фаъолият оғоз намуд. Ин шарикии созанда нишон медиҳад, ки неруи сармоягузории маҳаллӣ дар ноҳияи Мурғоб ба як омили асосии бунёдкорӣ ва тавлиди маҳсулоти ватанӣ табдил ёфтааст.
Ифтитоҳи ин корхонаи муосири истеҳсоли газаблок дар маркази ноҳияи Мурғоб заминаро барои таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии босифату камсарф ва муқовиматпазир ба иқлими баландкӯҳ фарҳам меорад. Ин аввалин корхонаи саноатии инъикоскунандаи рушди технологияи сохтмонӣ дар минтақа буда, вобастагии ноҳияро аз масолеҳи воридотии сохтмонӣ ба куллӣ коҳиш медиҳад.
Аҳамияти стратегии ин иншоот дар шароити хоси Мурғоб ниҳоят зарур аст, зеро корхонаи нави саноатӣ арзиши сохтмонҳоро дар минтақа арзон ва ҷойҳои кории доимиро барои сокинони маҳаллӣ таъсис медиҳад. Имрӯз Мурғоб таҳти сояи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат на танҳо марзи амни ватан, балки рамзи созандагӣ, истеҳсолоти ватанӣ ва саноаткунонии устувор аст.






