Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияи Мурғоб силсилаи майдончаҳои нави варзишӣ ботантана ба истифода дода шуданд. Бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғиби ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муосири рушд барои наврасону ҷавонони баландкӯҳ, ин иншооти муҳими соҳавӣ дар деҳаҳои Булункул, Аличор, назди муассисаи таълимии №14, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, инчунин дар ҷамоатҳои деҳоти Ғоҷо Бердибаев, Қизилработ ва Рангкул расман ба фаъолият оғоз намуданд.
Бунёди ин маҷмӯи майдончаҳои муосири варзишӣ маҳсули ташаббуси созанда ва саҳми бевоситаи сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ амалӣ карда шуд. Ин иқдоми фарогири стратегӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо сурат гирифта, гувоҳи равшани муттаҳидии ҷомеа ва неруҳои созанда дар посух ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат баҳри ободонии минтақаҳои марзӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳи хос ба стандартҳои замони нав ва иқлими хоси Помири Шарқӣ, тамоми майдончаҳои варзишӣ бо тамоми шароити муосир ва инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфтаанд, ки бехатарӣ ва сифати баланди машқу тамринро кафолат медиҳанд.
Дастрасии наврасону ҷавонони маркази ноҳия ва деҳоти дурдасттарин ба чунин маконҳои муосири варзишӣ таҷассуми воқеии адолати иҷтимоӣ буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки неруву истеъдоди худро дар шароити бароҳат рушд диҳанд ва аз баробарии имкониятҳо бархурдор гарданд.
Ифтитоҳи ин инфрасохтори варзишӣ дар сарҳади кишвар пойдевори устувори таҳкими амнияти маънавӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ояндасоз ба шумор меравад. Мурғоб ҳамчун қалъаи устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, имрӯз бо ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ симои худро комилан дигар мекунад ва ҷӯшу хурӯши ҷавонони варзишгар дар ин деҳоти баландкӯҳ паёме аз ояндаи дурахшон, солим ва пойдори давлатдории миллии мост.











