Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, рӯзи 12-уми сентябр соати 18:00 дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ барномаи бошукӯҳи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳияи Мурғоб баргузор мегардад.
Ин чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бо мақсади муаррифии дастовардҳои давлатдорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва намоиши умумияти фарҳангии сокинони ин гӯшаи диёр ташкил карда шудааст. Мақомоти иҷроия ва аҳли фарҳанг тамоми сокинону меҳмонони шаҳри Хоруғро барои иштирок дар ин ҷашни фазои сулҳу субот даъват менамоянд.

