24 июни соли 1982 дар ноҳияи Мурғоб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва соли 2011 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 2004-2006 — омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 ба номи Сайниев Соҳибназар
14.06.2006 — 18.10.2006 — муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия
20.10.2006 — 07.02.2007— сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳияи Мурғоб
01.03.2007 — 18.02.2008 — мутахассиси бахши назорати дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
18.02.2008 – 31.03.2008 — сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
01.12.2010 – 29.11.2011 — Магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16.12.2011- 27.08.2013 — мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
27.08.2013 – 06.03.2020 — муовини раиси ноҳияи Мурғоб
Аз 6 марти соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.
Бо Медали ҷашни “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ордени “Шараф” дараҷаи II, Медали “Аълочии хизмати сарҳадӣ” Медали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои мусоидат” сарфароз гардонида шудааст.