ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Санаи 8 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва сохторҳои он дар соли 2024 ва вазифаҳои барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб, муовини раиси ноҳияи Мурғоб, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳои ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб ва раисони Ҷамоатҳои ноҳия ширкат доштанд.

Машваратро раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа Пайшанбизода Неру Муродгул муовини якуми раиси ноҳия гузориш доданд.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Абибулло, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо баромад намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб вобаста ба тамоми самтҳо дар давоми соли 2024 пурра таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Зимни суханронии хеш муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо “Дар бораи барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди иқтисодии ноҳия, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, самти кишоварзӣ, энергетика, зимистонгузаронӣ, ба роҳ мондани фаъолияти хуби сохтмони корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, сазовор пешвоз гирифтан аз 35 – умин солгарди Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва дар ин самт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ибрози андеша намуданд.





Дар ҷараёни ҷаласа Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб аз нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда баҳри бартараф намудани мушкилотҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ба муовинони раиси ноҳия, раиси шаҳраки Мурғоб, раисони Ҷамоатҳои ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва сардорони идораву муассисаҳои ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.


