
КӮМАКИ НАВБАТӢ БА СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АЛИЧУР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон таъкид намуданд: “Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Ҳамчунон масъулонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд”.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат санаи 11 январи соли равон аз тарафи ҶДММ “Мурғоб” ба 100 оилаи Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб кӯмаки моддӣ дар ҳаҷми 50 тонна ангиштсанг, 5 тонна орд, 1 тонна биринҷ, 1 тонна марҷумак, 500 кг шакар ва 500 литр равған расонида шуд.


