Санаи 30 январи соли 2025 дар майдони Нишон ва Парчами ноҳияи Мурғоб дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мардуми шарафманду сарбаланди ноҳияи Мурғоб зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи Узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор “Сада”-ро бо як шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил намудаанд.
Чорабинии идона аз намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бо афрохтани гулхан, ки яке аз рамзҳои нахустин ва дар миёни суннатҳои Сада мавқеи асосӣ дорад, оғоз гардид.
Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ёдрас намудани ҷанбаҳои одамдӯстонаи ҷашни Сада бо таҷлилӣ ин иди мардумӣ самимона ва бо меҳру муҳаббати зиёд муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ хушиву тароват, некиву башорат, файзу баракатро таманно намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба иди “Сада” ташкил ва баргузор гардидаанд бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардида барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз тарафи кормандони бахши фарҳангӣ ноҳияи Мурғоб манзури ҳозирин гардид.