Имрӯз дар бинои муасиссисаи таълимии №14 – и ноҳия бо иштироки бевоситаи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Мурғоб муҳтарам раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо бо омӯзгорон ва волидони хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо зимни суханронии хеш аз Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар шуда қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шоҳроҳи тараққиёт ва тақвияту рушди босуботи кишвар ворид гардидааст, ки натиҷаи ин гуфтаҳо ба таври пурра ва возеҳу равшан дар Паёми имсолаи муҳтарам Пешвои миллат зикр гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор маънидод намуданд, ки ин боиси истиқболу ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Баланд бардоштани нафақа ва музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон таҳти роҳбарии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки раиси ноҳия зимни суханронии хеш аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки мо, сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар баробари баҳра бурдан аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон вазифаҳои худро дар ростои дастуру ҳидоятҳои дар ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ иброзгардида муайян намуда, дар раванди иҷрои он вазифаҳо фаъолона иштирок намоем. Зимни суханронӣ раиси ноҳия таъкид намуданд, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри иштироки насли наврас дар озмунҳои Ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва дар сатҳи баланд истиқбол кардан аз 32 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда баҳри ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар озмунҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешем.
Бояд тазаккур дод, ки дар рафти вохӯрӣ раиси суди ноҳияи Мурғоб Каримӣ Акбаралӣ иштирок ва оиди Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии малакат ибрози андеша намуда аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овардаанд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти телдефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбият намуда барои ояндаи неки кишвари азизамон саҳми худро гузорем. Инчунин раиси Суди ноҳияи Мурғоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбия кӯдак” – ро барои аҳли нишаст муфассал таҳлил намуда даъват ба амал овард, ки ҳар як волидфйнро зарур аст, ки дар доираи ин ҳуҷҷат фарзандони худро ба воя расонда баҳри ба воя расонидани ҷавонони худогову худшинос саҳмгузор бошем.
Дар охир чанде аз волидон оиди масъалаҳои муҳим ибрози андеша намуда ваъда доданд, ки бо такя бар Паёми пешвои миллат дар ободиву созандагӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ зарае ҳам бошад саҳмгузор бошанд.
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЙНИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ АЗ ТАРАФИ РАИСИ НОҲИЯ
22