Субҳи имрӯз соати
6:00 сокинони ноҳияи дурдасти Мурғоб бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқҳо дар ҳамаи участкаҳо бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Тибқи маълумоти комиссияи интихоботӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 12300 нафар овоздиҳанда, ки аз онҳо 5500 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ба қайд гирифта шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар интихоботи мазкур ҷавононе, ки бори аввал ҳуқуқи иштирок дар интихоботро пайдо намудаанд ва шахсони куҳансол овоз дода аз тарафи комиссияи участкавӣ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.