Санаи 10 ноябр бахшида ба “Рӯзи милитсияи тоҷик” узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ба аёдати собиқадрони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб рафта, ба онҳо барои хизмати содиқонаашон ба халқу ватан изҳори сипос баён намуданд.
Дар рафти аёдат аз тарафи раиси ноҳия ба собиқадорон кӯмаки моддӣ расонида шуда, собиқадорон аз ғамхориву таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия нисбати онҳо миннатдории самимии хешро баён намуданд.












