Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои — миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, санаи 24 июни соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб 5 гармхона 3 адад дар деҳаи Аличор, 1 адад дар деҳаи Саргумбаз ва 1 адад дар
деҳаи Булункули Ҷамоати деҳоти Аличор мавриди истифода қарор дода шудаанд. Қобили зикр аст, ки гармхонаҳои мазкур дар доираи нақша чорабиниҳои 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар таҷрибаи сокинони Ҷамоати деҳоти мазкур чунин гармхонаҳо бори аввал ба роҳ монда шуда, аз нашъунамои маҳсулоти киштнамудаашон бо ҳавасмандӣ ният доранд, ки шумораи гармхонаҳор зиёд намоянд. Бо бунёд гардидани гармхонаҳои мазкур сокинон метавонанд на танҳо худро бо сабзавоти тару тоза таъмин намоянд, балки онро ба бозор ба фурӯш бароварда даромади иловагӣ ба даст оранд.
Зимни суҳбат намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳкуматшо аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати сокинони Ҷамоати деҳоти Аличор ёдовар шуда қайд намудаанд, ки Ҷамоати деҳоти Аличор таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта имрӯз барои сокинони он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар охир бархе аз сокинони Ҷамоат аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бар ивази ҳамаи ин ғамхориҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошанд.