Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои — миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон санаи 24 июни соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Рангкули ноҳияи Мурғоб бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шарту шароит ва муҷҷаҳаз бо техникаи зарурӣ, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дар як муддати кутоҳ бунёд гардид, ба истифода дода шуд. Зимни боздид аз бинои мазкур ҳайати расмӣ сокинони деҳаи Гулзорро бо фароррасии таърихи муқаддаси миллӣ, яне 28 умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали онҳо баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Дар охир табибони бунгоҳи тиббии мазкур барои таъмин намудани шароити хуби меҳнатӣ миннатдории самимии худро ба Ҳукумати малакат, хоссатан ба Пешвои миллат баён намуданд.