26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб оғози расмӣ бахшиданд.
Муассисаи таълимии томактабии Афсона барои 40 нафар кӯдакону наврасон дар деҳаи Саргумбези ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ин муассисаи томактабӣ бо малағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва саҳми сокинони маҳаллӣ бо маблағи умумии 460 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Тавре зикр гардид, бунёди чунин иншоот барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либос иборат буд, аз ҷониби намояндагони ҳукумати кишвар тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаи мазкур туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либос иборат буд, аз ҷониби намояндагони ҳукумати кишвар тақдим карда шуд.