Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои — миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон санаи 24 июни соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар маркази ноҳияи Мурғоб сехи қанодии “Нозанин” ба истифода дода шуд.
Сехи мазкур аз тарафи соҳибкорзан Аноятшоева Майсар бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизотҳои муосир барои омода намудани маҳсулотҳои қаннодию нонӣ таъмин гардида, 6 нафар занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Ҳайати расмӣ зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ ба сифат сохтмон ва тарҳи он баҳои баланд дода барои соҳибкор ва кормандони он баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳо тавсияҳои мушаххас доданд.
Зимни сӯҳбат бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо соҳибкорзан Аноятшоева Майсара аз дастгириҳои беназири Пешвои миллат нисбати занону изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки фаъолияташро дар ин самт пурзӯр намоянд.

















