Санаи 15 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо як қатор иншоотҳо, ки дар доираи нақша чорабинии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Аз тарафи раиси ноҳия дар маркази ноҳия 4 адад чоҳҳои амудӣ барои дастрасии сокинон ба оби нушокӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Зимни мулоқот бо сокинон раиси ноҳия қайд карданд, ки ноҳияи дурдасти Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои — миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия вусъати нав пайдо намуда бомаром идома дорад. Инчунин раиси ноҳия аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо ба истифода додани ин иншоотҳо барои ободиву созандагӣ ва кабудизоркунии гирду атроф ва маҳалли аҳолинишин заминаи мусоид фароҳам оварда шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободиву созандагии ноҳия саҳмгузор бошанд.
Дар идома раиси ноҳия дар кӯчаҳои Айнӣ ва 40 — солагии Ғалаба қаҳвахона ва нуқтаи хизматрасонӣ барои автомобилҳо, ки аз тарафи соҳибкорони ноҳия бунёд гардиданд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Зимни суҳбат раиси ноҳия ба тарҳу усули иншоотҳои бунёдгардида баҳои баланд дода, соҳибкоронро барои боз ҳам васеъ намудани нуқтаҳои хизматрасонӣ барои аҳолӣ ва таъмини сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ даъват намуданд.


















