Санаи 8 — уми декабр тибқи нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раисиШӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб дар толори Ҷамоати шаҳраки Мурғоб Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки аъзоёни шуро баргузор гардид.
Дар баррасии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
— Ҳисоботи раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳиёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб доир ба фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳиёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб дар соли 2025
— Таҳия ва тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб барои соли 2026
— Дар бораи интихоби аъзоёни нав ба ҳайати шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб
Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, ба аъзоёни Шӯро ва иштирокдорони он барои иштирок арзи сипос намуданд.
Доир ба дастовардҳои ноҳия дар самти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб куллан тағйир ёфта, бо шарофати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия иншоотҳои таъиноти гуногун қомат афрохта, сатҳи зиндагии мардум бо маротиб беҳтар шуда истодааст, ибрози назар намуданд. Илова бар ин аз тарафи раиси Шӯро вобаста ба вусъат додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба аъзоёни Шӯро супоришҳои мушаххас дода шуда, бархе аз аъзоён оиди фаъолиташон ҳисобот доданд.


















