Бо ташабусси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб санаи 20 августи соли равон дар маркази ноҳия Ҷамоати шаҳраки Мурғоб ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия, ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва сокинон иштирок намуданд.
Ярмаркаи мазкур бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2025-2026 ва дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гузаронида шуда, дар он корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони ноҳия бо пешниҳоди намудҳои муайяншудаи сару либос ва лавозимоти мактабӣ иштирок намуданд.
Корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорон ба меҳмонон ва мизоҷон баробари сару либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ аз қабили маводҳои конселярӣ ва дигар ашёҳои лозимаро, ки ба хонандагон дар ҷараёни хониш заруранд, пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар миқёси ноҳия иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад















