Санаи 8 июли соли ҷорӣ бо иштироки узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ба раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб ва раисони ҷамоатҳои ноҳия таҷҳизоти техникии кишоварзӣ супорида шуд.
Таҷҳизоти мазкур бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мурғоб дастрас гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки таҷҳизотҳо аз 19 адад мотоблокҳо бо таҷҳизотҳои лозимӣ барои коркади замин аз қабили бордон, шудгоркунак, сихмолакунак ва 19 адад алафдаравкунак ва 19 адад дорупошаки замонавӣ иборат буда барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии халқ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Зимни суҳбат бо масъулон раиси ноҳия қайд намуданд, ки дастрасӣ намудани техникаҳои зарурӣ ба ноҳия аз ғамхории ҳамешагии Ҳукумати малакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат нисбати сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб шаҳодат дода баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.