Дар харитаи Тоҷикистон ноҳияе ҳаст, ки номаш Мурғоб буда, дар баландтарин ва дуртарин минтақаҳои олам ҷойгир шудааст ва таърихшиносон онро «Боми ҷаҳон» ё худ «Помир» ном мебаранд. То расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ин ноҳия аз ҷиҳати ҷуғрофӣ як мақоми стратегӣ дошта, на ҳамаи олимону ҷаҳонгардон метавонистанд аз он дидан намоянд. Ҳама чизаш махфӣ буд. Танҳо бо иҷозаи алоҳида…
Аммо табиати сахту сангини ин диёр бо кӯҳҳои сарбафалак, даштҳои беканору иқлими сангинаш маъруф, сокинони домони худро тобовар, матин ва сабур гардондааст. Мардуми инҷоӣ чун як ҷузви табиат бо табиат зиндагӣ доранд,онро хуб мешиносанд, эҳтиром мекунанд ва бо он созиш меёбанд. Танҳо ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин вазифа аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани мамлакат буд, ки он дар муддати кӯтоҳ амалӣ гашт.
Мардуми меҳнатқарини Мурғоб ҳанӯз сафари нахустини Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияи Мурғоб соли 1995 хуб дар ёд доранд.
Ба номусоиди боду ҳавои Мурғоб нигоҳ накарда, то Ҷамоати деҳоти Аличур бо чархбол ва аз он ҷо то Мурғоб бо мошини тамғаи «Нива» ба хотири вохӯрӣ бо мардум омада буд. Пас аз суҳбатҳои самимӣ ваъда дод, ки ман тамоми мушкилоти ноҳияро медонам ва давра ба давра онро ҳаллу фасл хоҳам кард. Дар мадди аввал бояд НБО-и Мурғоб азнавсозӣ гашта, марҳила ба марҳила ин мушкилӣ паси сар мегардад. Ин суханон ба рӯҳи мардум ҷон бахшид ва нерӯгоҳ сохта гардида, бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Маҳз ҷаҳду талоши Роҳбари хирадманд буд, ки имрӯз боз 27 Нерӯгоҳи барқии офтобӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Аличур, Тохтамиш Мурғоб сохта, ба истифода дода шуданд. Бо ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» ва силсилаи нерӯгоҳҳои офтобӣ, зиндагии сокинони маркази шаҳраки Мурғоб ва Ҷамоатҳои дурдасти Аличур, Ранкӯл, Қаракӯл, инчунин деҳаҳои Булункӯл, Башгумбез, Тохтамиш, мавзеи Оқтал тамоман дигар шуд.
Аз ҳисоби ин нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо тавоноии 13,7 мВт қувваи барқ истеҳсол мегардад, ки ноҳияи Мурғоб аз танқисии барқ пурра баромад. Имрӯз хонаҳои сокинон аз равшании чароғи истиқлол чароғонанд. Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб корхонаи бузурги нуқра дар Якҷилва фаъолият дорад, ки зиндагии сокинони моро боз ҳам беҳтару хубтар гардонидааст. Ин аст, ки имрӯз даҳҳо корхонаҳои хурди саноатӣ таъсис ёфта, мардум бо ҷойи кори муқимӣ таъмин гардиданд. Чунин иқдомҳо нишони онро доранд, ки Мурғоб аз як минтақаи дурдаст тадриҷан ба як маркази истеҳсолӣ ва иқтисодии дорои аҳамияти стратегӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 корхонаи «Якҷилва» ба миқдори 7 миллиону 800 000 сомонӣ маҳсулоти хушсифати нуқра истеҳсол кардааст. Азбаски кор дар ин корхона мавсимӣ аст, ҳар сол корхона то 9 миллон сомонӣ маҳсулот мебарорад.
Дар тӯли соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мурғоб ба як шаҳраки намунавӣ табдил ёфта, дар он даҳҳо идораҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, мағозаҳои хусусӣ, корхонаи коркарди гӯшту шир ва ғайраҳо қомат афрохтаанд.
Маркази маъмурии ноҳия аз худи даромадгоҳи он симояшро тағйир дода, ба кас ҳаловат мебахшад. Бо супориши Пешвои миллат ва саҳми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ба хотири 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи ноҳия боғи фароғатӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллон сомонӣ бунёд ёфта, симои ба худ хосро ба бар кард. Инчунин, дар маркази шаҳраки Мурғоб бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар баландии 3669 метр аз сатҳи баҳр бо риояи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ва меъмории муосир, ки баландии Нишони давлатӣ 22 метр ва Парчам 35 метр аст, ба истифода дода шуд. Инчунин, бо кумаки ин Кумита Маркази тавонбахшии ҳайвоноти нодир сохта шуд.
Симои маркази ноҳияро имрӯз биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, амнияти миллӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохила, нозироти андоз, Ҳизби халқӣ демократӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар иншоот зиннат мебахшанд, ки солҳои пеш ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки чунин дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия як барномаи густурдаи обод-корӣ ва созандагӣ роҳандозӣ гардидааст. Нақшаи чорабиниҳо аз 111 банд иборат буда, тамоми бандҳо сад фоиз иҷро гардиданд, ки ин худ нишони равшани масъулиятшиносӣ, заҳмати пайваста ва иродаи қавии сокинони ин диёри баландкӯҳ мебошад.
Имрӯзҳо тибқи «Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026-2030» иборат аз 336 банд бо ҷалби 3 миллиарду 270 миллион ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз гардиданд.
Лоиҳаҳо марҳила ба марҳила амалӣ гашта, ба симои ноҳия ва ҷамоатҳои он тағйироти куллӣ ба вуҷуд меоранд, ки Мурғоб чунин пешравиро ҳаргиз надидааст.
Соҳаи маориф, ки соҳаи афзалиятнок шуморида мешавад, дар он бештар пешравиҳо ба назар мерасанд. Имрӯз дар 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 2,5 ҳазор хонанда таълиму тарбия мегиранд. Шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият аст, ки имрӯз дар тамоми мактабҳо таълими забони тоҷикӣ ҷорӣ карда шудааст. Ин нишонаи он аст, ки дар дурдасттарин гӯшаи кӯҳистон чароғи илм фурӯзон аст ва насли имрӯзаи қирғизу тоҷик дар паҳлуи ҳам бо сад умеду орзуҳо ба камол мерасанду ояндаро месозанд. Дар ноҳия шаш кӯдакистон, инчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. Соли равон бошад, барои рушди соҳаи томактабӣ боз чор муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуданд. Аз шумораи умумии мактабҳо нисфашон аллакай навсозӣ шуда, нисфи дигарашон боз аз нав сохта мешаванд.
Иброз бояд намуд, ки шуғли асосии сокинон ин чорводорист. Имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия сарфи назар аз шакли моликият 25112 сар моли шохдори калон, аз ҷумла, 23628 қутос аз онҳо 8869 модақутос, 94902 сар моли майда, 166 сар асп ва 18 шутур мавҷуд аст, ки нисбати соли пешин аз он 328 сар чорвои шохдори калон, 339 қутос, 166 модақутос, 377 сар моли майда зиёдтар аст. Танҳо дар ҳолати ҳамин рӯз 8741,3 сентнер гӯшт истеҳсол шуд, ки аз порсола 42 сентнер зиёдтар аст.
Солҳои охир бо дастури хирадмандонаи Сарвари давлат дар ноҳия як иқдоми бузурги сабзгардонӣ роҳандозӣ шудааст. Дар сарзамине, ки бисёриҳо парвариши дарахтро ғайримумкин медонистанд, имрӯз зиёда аз 20 ҳазор ниҳолу дарахтон, ки ба шароити сахти иқлими баландкӯҳ мутобиқанд, шинонда шуданд. Инҷо табиат гуё аз нав зинда гашт. Аз хоке, ки пеш танҳо боду сарморо мешинохт, акнун сабза сар боло мекунад.
Ин аст Истиқлолият, Ваҳдату дӯстии халқҳо, ки заминаи онро барои мардуми тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт, мо бояд ҳар лаҳза аз он шукргузор бошем. Зеро, агар заҳматҳои ҷоннисоронаи Пешвои миллат намебуд, мо ҳам истиқлолиятро аз даст медодему ҳам давлат аз даст мерафт.
Танҳо хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон пойдор, Истиқлолият побарҷо гашту мардуми босаодат дар зери ливои амну амонӣ кору зиндагӣ доранд. Мо шукргузор аз онем, ки Истиқлолият роҳи ояндаи моро дурахшон кард ва олам аз ин фахр дорад. Имрӯз гуфтаҳои Сарвари давлат: «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад гашт» ҷомаи амал мепӯшанд.
Ин ҳама пешравӣ аз баракати Истиқлолияти давлатӣ, бахусус, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ноҳияи Мурғоб рӯз ба рӯз рушд дорад.
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб

