ЭЪЛОН
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
озмун эълон менамояд:
- Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
- таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих, таърих ва ҷомеашиносӣ, фаннҳои гуманитарӣ, филологияи тоҷик, шарқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ ва/ё идоракунии давлатӣ бартарӣ дода мешавад);
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванд ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 3419 сомонӣ 40 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
- Сармутахассис –муҳандиси заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, Ҷамоати деҳоти Қизилработ ва Ҷамоати деҳоти Қаракули ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, муҳандиси-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис мелиоратор агроном, агрохимия ва хокшиносӣ, геодезия, топограф ва харитасоз;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 3106 сомонӣ 65 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
- Сармутахассиси-дин танзим ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибаев
Талаботи тахассусӣ нисбати Довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос диншиносӣ, шарқшиносӣ, (арабӣ форсӣ, уруду), ҳуқуқшиносӣ, фалсафӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ, филологияи тоҷик, омӯзгори фанни таърих, таърих ва ҷамиятшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ таърих ва педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти узбек, (бо бартарӣ додан ба ихтисосҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ)
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 3252 сомонӣ 60 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
- Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ғ.Бердибаев ва Ҷамоати деҳоти Қизилработ; – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси дифои ҳарбӣ, таърих ва ҳуқуқ, ҳуқуқшинос, ба мансаб мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 2543 сомонӣ, 70 дирам иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
- Мутахассиси бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб; – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси муҳосибӣ, иқтисодчӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 2189 сомонӣ 25 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
- Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии МИҲД-и ноҳияи Мурғоб; – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ нисбати довталаб:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси иқтисодӣ, математика, математика- барномасоз;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ 2189 сомонӣ 25 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз руйи ҷадвал ягонаи тарифӣ;
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
— Ариза ба номи раиси ноҳия;
— Варақаи шахсии баҳисибгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4 х 6);
— Тарҷумаи ҳол;
— Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
— Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
— Нусхаи шиноснома;
— Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
— Маълумотнома оид ба доғи судӣ.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон.
Суроға: шаҳраки Мурғоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, бинои дастгоҳи
раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Индекс 736600
Телефонҳо барои тамос:
+992 55 015 4959;
+992 20 620 9797;
