Санаи 4 майи соли 2025 дар гузаргоҳи сарҳадии Қизил -Аарти ноҳияи Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба қабули “Эстафетаи Ғалаба – 2025” аз тарафи сарҳадбонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Фармондеҳи Қушунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал – майор Назарзода Турабек Камол, муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нурмаҳмад, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, роҳбари гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гелмонов Рим Равеливич ва аҳли фарҳанги ноҳия иштирок намуданд.
Меҳмонон аз пазироии гарму самимӣ миннатдории хешро баён намуданд.