Санаи 22 январи соли 2026 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия бо сокинони маҳаллаи Назар Карабаев вохӯрии судманд бо усули маҳалла ба маҳалла баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ муовини раиси ноҳия аз нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдоварӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҳошияи элон шудани соли 2026 соли “Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ” ҳар як сокини ноҳияро зарур аст, ки барои ободиву созандагии ватани азиз саҳмгузор бошад.
Инчунин муовини раиси ноҳия иштирокдоронро барои амалӣ гаштани нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, ки борои вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтан аз ҷашни бузурги миллӣ 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшабандӣ карда шудаанд аҳ сокинони маҳаллаи болозикр даъват ба амал оварданд, ки бо обод гардонидани гирду атрофи хонаҳои истиқоматиашон ва тозаву озода нигоҳ доштани он саҳмгузор бошанд.








