Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб (даъвати ҳафтум) бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия доир гардид.
Дар иҷлосия роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ, раиси шаҳраки Мурғоб, раисони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва васоити ахбори умум, ки вакил нестанд, даъват шудаанд, иштирок намуданд.
Дар кори иҷлосия Сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Исрорзода Исрор Наврузшо иштирок намуданд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Мурғоб даъват карда шуда, таҳти Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб, раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Пас аз интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шурӯъ намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома:
1. Муҳокимиаи лоиҳаи буҷети ноҳияи Мурғоб барои соли 2026 ва таъмини иҷрои он дар соли 2024
2. Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз
3. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида
4. Дархости муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар бораи ба сметаи муассиса дохил намудани маркази инкишофи кӯдакон
5. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Мурғоб, ки дар байни иҷлосияҳои сеюм ва чорум даъвати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул шудаанд.
Ҳамзамон, дар рафти иҷлосия Сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Исрорзода Исрор Наврузшо баромад намуда, аз номи Роҳбарияти Вилоят вакилон ва тамоми иштирокдорони иҷлосияро бо Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, аз нуқтаиҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ёдоварӣ намуданд.
Сипас Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо низ оид ба нуқтаҳои асосии Паём баромад намуда, вакилон ва ҳали толорро ба Корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи аз ҷашни умумимиллии Тоҷикистон 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Аз ҷониби раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Прокурори ноҳияи Мурғоб, Командири қисми ҳарбии 0412-и ноҳияи Мурғоб, Комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мурғоб ва кадрҳое, ки дар вазифаҳои роҳбарикунада дар МИҲД-и ноҳия таъин карда шудаанд, муаррифӣ гардиданд.
Дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб (даъвати ҳафтум) ба кори худ хотима бахшид.

























