Санаи 26 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб ва бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Сабзалиев Шаҳтут Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шӯъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, иштирок доштанд.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
— Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб аз ҳавзаи интихоботии Саргумбаз №32 Абубакиров Бекмурат Абубакирович оид ба иҷро намудани вазифаҳои вакилӣ ва хизматӣ.
— Иҷрои Қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 14.12.2020, №455 Оиди иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 03.11.2020, №362, оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2020, №427 дар бораи нақша чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020 – 2040
— Дар бораи лоиҳаи “Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2026 – 2030”
— Таъсис додани комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳҳо дар ноҳияи Мурғоб
— Тасдиқи низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
— Тасдиқ намудани қарорҳои Раиси ноҳияи Мурғоб, ки дар байни иҷлосияҳои дуюм ва сеюми (даъвати ҳафтуми) Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мурғоб қабул гардидаанд.
Кори иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, масъулон оида масъалаҳои вобасташуда гузориш доданд.
Қобили зикр аст, ки дар рафти иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо баромад намуда, ба масъулон оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо аз вакилон даъват ба амал оварданд, ки дар баргузор намудани корҳо ташвиқотию тарғиботӣ, тозагии гирду атроф ва ба ин васила беҳтар намудани ҳолати санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолтар бошанд.


















