Дар таърихи давлатдории нави мо ҳифзи марзу буми ватан ва таъмини амнияти миллӣ аз унсурҳои асосии пойдории Истиқлолият ба шумор мераванд. Бахшида ба ҷашни бузурги миллию давлатӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб паради бошукӯҳи ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва низомӣ қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди ноҳия ва захираҳои сафарбарӣ (сарбозону афсарони эҳтиётӣ) иштироки фаъолона доштанд.Паради ҳарбӣ бо гузориши расмии Фармондеҳи парад ба раиси ноҳияи Мурғоб ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки фазоро рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ фаро гирифт. Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо зимни баромади тантанавии худ мақоми Истиқлолиятро дар рушди минтақаҳои дурдаст арзёбӣ намуда, қайд кард, ки:«Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадномонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Мурғоб ба як минтақаи ободу пешрафта ва устувор табдил ёфт. Амнияти марзу буми кишвар, хусусан дар ин қисмати баландкӯҳи Ватан, нишони садоқат ва омодабошии баланди ҳимоятгарони он аст. Заҳмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ кафолати сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми мо мебошад».
Пас аз суханронии расмӣ, гузашти низомии ҷузъу томҳои ҳарбӣ таҳти садои мусиқии оркестри ҳарбӣ баргузор гардид. Сарбозону афсарон бо қадамҳои устувор ва низоми баланд аз назди минбар гузашта, иқтидори мудофиавӣ, интизоми оҳанин ва омодагии касбии худро барои ҳифзи дастовардҳои муқаддаси Истиқлолият намоиш доданд. Ин паради ҳарбӣ бори дигар собит намуд, ки мардуми шарафманд ва ҳимоятгарони диёри баландкӯҳи Мурғоб ҳамеша дар сафи аввали ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ қарор доранд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot
Screenshot


















