Санаи 1 июли соли 2025 таҳти раёсати Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб машварати назоратӣ бо роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб салому дуруди гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли нишаст расонда, даъват ба амал овардаанд, ки дар доираи ҳидояту ғамхории пайвастаи Пешвои миллат нисбати сокинони дурдасти Мурғоб ҳар яки мо вазифадорем, ки дар тозагиву ободонии диёри хеш саъю талош намуда саҳми худро гузорем.
Ёдовар бояд шуд, ки санаи 28 июни соли 2025 зимни вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Пешвои миллат ҳангоми суҳбат бо сокини ноҳияи Мурғоб саломи гарму самимии хешро ба кулли сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб расонда, миннатдории хешро ба бошандагони ноҳия барои пайгирӣ аз сиёсати роҳбарияти мамлакат, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию ободонӣ изҳори сипос намуда барои масъулин баҳри вусъат бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар рафти машварат раиси ноҳия ба муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулон, ки дар машварат ҳузур доштанд, баҳри иҷрои дасттуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон санаи 28 июни соли 2025 дар шаҳри Хоруғ баён доштанд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.