Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо машварати васеи назди раиси ноҳияи Мурғоб доир гардид. Дар машварати имрӯза муовини аввали раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳо, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва роҳбарони сохторҳои қударатии ноҳия иштирок намуданд.
Ба баррасии машварати имруза масъалаҳои зерин:
1. Дар бораи иҷрои қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 29 апрели соли 2025 № 115 оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 17.04.2025, № 100 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28. 03 2025, № 218 дар бораи сари вақт омода наумдани соҳаи иҷтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026.
2. Ҳисоботи мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия оид ба рафти омодагии муассисаҳои миёнаи умумии барои соли хониши 2025-2026.
3. Дар бораи иҷрои қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 14 октябри соли 2022, № 290 оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 22.09.2022, № 319, оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 03. 12 2021, № 516 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”.
Ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳои ҷорӣ раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо суханронӣ намуда, вобаста ба баратарф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони идораву муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳои зайл дода аз роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне Интихобот фаъолтар буда дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.