Имрӯз, 02.12.2025 таҳти раёсати Раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб машварати васеи назди раиси ноҳия бо баррасии масъалаҳои зерин доир гардид.
Дар кори машварат муовини якуми раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Ҷамоати шаҳараки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, сардорони идораву муассисаҳо, сохторҳои қудратии ноҳияи Мурғоб даъват карда шуда, иштирок намуданд.
Ба барассии машварати васеи назди раиси ноҳия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.
Дар бораи иҷрои Қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 20 декабри соли 2024 №421, Оид ба иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 03 декабри соли 2024 №385 дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Мурғоб барои соли 2025, Оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021 №222, “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025”
Рафти иҷрои Қарори раиси ноҳия аз14.02.2024, №43, Оиди иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 29.12.2023, №502, Оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2023, №544 “Дар бораи Барномаи миллии “Кишвари сабз”-Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”
Масъалаҳои ҷорӣ:
Обунашавии идараву муассисаҳои ноҳия ба рӯзномаву маҷаллаҳои давлатии соли 2026
Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Агенти дар ВМКБ
Оид ба омодагии ноҳияи Мурғоб ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ороиши ноҳия бо шиору овезҳо
Машваратро Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи машварат муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб –Пайшанбизода Н., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раис ноҳияи Мурғоб – Дурманчаева А., мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и ноҳия Маҷнунов М., мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии МИҲД-и ноҳия Мирзонаботов Г. гузориш доданд.
Дар ҷараёни машварат Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо Раиси ноҳияи Мурғоб вобаста ба бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, ба муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, нозироти андози ноҳия, ҳифзи муҳити зист, ХМК, БМН, КАТС, ва ба дигар сардорони идораю муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини идораву муассисаҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

















