Санаи 24 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти раёсати раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо машварати васеи назди раиси ноҳияи Мурғоб доир гардид. Дар машварат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони идораву муассисаҳо, раиси Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва роҳбарони сохторҳои қударатии ноҳия иштирок намуданд.
Ба баррасии машварат масъалаҳои зерин гузошта шуданд:
1. Рафти ичрои қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 26 феврали соли 2024, №55 дар бораи иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 22 декабри соли 2023, №496 оид ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 «Дар бораи солҳои рушди саноат элон намудани 2022-2026».
2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 26 июни соли 2021, №249 дар бораи иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 22 декабри соли 2020, №443 Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Дар бораи Барономаи рушди забони давлатй барои солҳои 2020-2030»
3. Дар бораи ичрои Қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 14.02.2025, №49 Оиди иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 28.01.2025, №26 Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2024, №689 «Дар бораи барноман давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030”
Ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳо раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо вобаста ба баратарф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони идораву муассисаҳои дахлдор дастуру супоришҳои зайл додаанд. Иловатан дар машварат вобаста ба дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави мелодӣ ва вусъат додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба Паёми навбатии Пешвои – миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас доданд.















