Санаи 11 ноябри соли 2025 узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Мурғоб муҳтарам Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ба Ҷамоати деҳоти Қаракул ташриф оварда аз шарту шароити сокинони ин ҷамоати дурдаст аз наздик шинос шуданд.
Зимни сафар раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо аз рафти таълим дар муассисаи таълимии 10 — и Ҷамоати деҳоти Қаракул дидан намуда бо хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои номбурда мулоқот намуданд. Раиси ноҳия омӯзгоронро барои ба роҳ мондани таълими босифат, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми хосса ба муқаддасоти миллӣ даъват намуда, қайд карданд, ки соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбари давлат қарор дошта, барои омӯзгорон тамоми шарту шароит барои фаъолият таъмин гардидааст.
Инчунин раиси ноҳия аз беморхонаи минтақавии Ҷамоати Қаракул дидан намуда, бо шароити он барои табобати беморон аз наздик шинос гардиданд.
Дар охир дар бинои маъмурии Ҷамоати Қаракул раиси ноҳия бо сокинони ин ҷамоати дурдаст мулоқот баргузор намуда, аҳли нишастро барои саҳмгузорӣ дар ободиву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтан аз 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.






















































