Имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб зерии сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Парчам ва Нишони давлатӣ анъанаи парчамдории халқи мо аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма гирифта, давомдиҳандаи ин суннати волои миллии мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.
Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам ва Нишон маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз он, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари азизамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки 14 августи соли 2023 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мурғоб ифтитоҳ гардид.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3200 М2 аз сатҳи баҳр мувофиқ ба талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ва меъмории муосир дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Баландии Нишони давлатӣ 22 метр ва баландии Парчами давлатӣ 35 метр мебошад. Маҳз таҳти сояи ин Парчам ва дастгириҳои пайвастаи оқилонаву ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияамон раванди корҳои ободониву созангдагӣ торафт вусъат пайдо намуданд.
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии паррандаи бахту иқбол аст. Пас, бигузор, Парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик то абад парафшон бошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли сокинони ноҳия ва мардуми шарифи тоҷикро ба ифтихори 24-ноябр “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву хонаободӣ орзу менамоям.
Бигзор Парчами адл, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти ягонагии миллат ва рушди ин Ватан Парафшон бошад.

