Ҳамдиёрони азиз!
Мо дар остоани Соли нави мелодии 2026 қарор дорем. Ба ин муносибат мехоҳам ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Соли нави мелодӣ самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо қабл аз ҳама сарсабзиву хуррамӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонаободӣ ва рӯзгорӣ хушу пурсаодатро таманно менамоям.
Итминони комил дорам, ки соли нав соли оромиву осудагӣ бошад ва барои хурду бузургӣ тоҷику Тоҷикистониён комёбиҳои нав ба навро насиб гардонад.
Соле, ки баъди чанд лаҳза мову Шумо бо он худоҳофизӣ мекунем, бо беҳтарин руйдодҳои муҳиму фарабахши худ барои мардуми Тоҷикистон минҷумла сокинони ноҳияи Мурғоб нақши калидӣ дорад.
Зеро, дар ин сол сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон суръат гирифта, дар доираи ин сафари кории Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани як қатор ишшоотҳои хурду бузурги аҳмияти иқтисодиву иҷтимои дошта дар худи минтақаи баландкӯҳи диёрамон далели гуфтаҳои боло мебошад.
Дар соли сипаригардида, ки мо ба марҳилаи нави бесобиқаи рушди ноҳияи Мурғоб қадами нахустин гузоштем ва дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар қалби мардум эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва хушбинӣ ба ояндаи неку дурахшони бесобиқаи ноҳияи Мурғоб пайдо гардид.
Бояд қайд кард, ки сокинони ноҳияи Мурғоб сиёсати давлатро дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бунёдкориву созандагӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, устуворона ва қотеъона пуштибона намуда, рӯзгори орому осудаҳолонаро дилпурона пеш мебаранд.
Итминони комил аст, ки мардуми сарбаланди баландкӯҳи Мурғоб дар соли нав низ бо саъюу талоши дучанд заҳмат кашида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба дастовардҳои боз ҳам беҳтару хубтар ноил мегарданд. Ва бо бовари изҳор медорам, ки халқи мо минбаъд низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватан рӯ ба фардои дурахшони худ намуда, барои боз ҳам зебо гардидани сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият менамояд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар, якояки Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрик мегӯям. Бигзор соли нав барои ноҳияи Мурғоб ва мардуми сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созанда ва ниятҳои неки ҳар яки мо гарданд.
Соли нави мелодии 2026 муборак ҳамдиёрони азиз!

