Ҳамдиёрони гиромӣ!
Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб!
Бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — сокинони шарафманди ноҳияи Мурғоб ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷику Тоҷикистониро ба муносибати ҷашни фархундаву муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Истиқлолият бузургтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон ва пояи устувори ҳастии давлати миллӣ ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик имкони таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ободонӣ ва рушди устуворро тай намуд.
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ташаббускори ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаи худро пайдо кардааст. Сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардум заминаи асосии пешрафти кишвари маҳбуби мо мебошанд.
Ноҳияи Мурғоб — гӯшаи баландкӯҳу зебоманзари Ватани азизамон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи сокинон дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо тадриҷан рушд меёбанд.
Сокинони Мурғоби бостонӣ ҳамеша бо меҳнати ҳалол, ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан дар таҳкими сулҳу субот ва ободии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Итминон дорам, ки ин рӯҳияи созанда минбаъд низ идома ёфта, ҳар як сокини барои пешрафти диёри маҳбуби худ саҳми шоиста хоҳад гузошт.
Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи сокинони ноҳияи Мурғоб ва тамоми мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама сулҳу оромии пойдор, ваҳдати миллӣ, саломатии комил, хушбахтии оилавӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона пойдор бошад, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон ва Ватани маҳбуби мо рӯз то рӯз ободу пешрафта гардад.
Бигзор сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва муҳаббати Ватан дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон абадӣ ҷой дошта бошад!
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

