Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад, ки ин бевосита бо фаъолияти пурсамар ва нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин ва худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт.
Президенти кишвар аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба хиради волои хеш ва равиши сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳои хориҷӣ муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои баробарҳуқуқ, мутақобилан судманд ва шарикии стратегиро барқарор намуданд.
Имрӯз Сарвари давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъи Тоҷикистон соҳибистиқлол эътироф гардидаанд.
Бо ин мақсад дар ин рӯзи шодию фараҳбахш ҳамаи ҳамватанонамонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат аст, самимона табрик менамоям ва таманнои онро дорам, ки кишвари биҳиштосоямон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои сарфарозиву боландагӣ бирасад.
Рӯзи Президент муборак!

